АКСИЯИ ҲИЗБИИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҳизбӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки кормандони кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ ва бо ҷалби аъзою ҷонибдорони ҲХДТ дар оромгоҳи ҷамоати деҳоти “Тугарак”-и ноҳияи Восеъ, Амалиёти умумивилоятии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи Ёдоварӣ” баргузор гардид.Дар баргузории аксияи мазкур мардуми деҳаи номбурда дар тоза намудани дохил ва беруни оромгоҳ аз хасу хошок, алафҳои бегона ва худрӯй саҳми муносиби худро гузоштанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки аксияи мазкур аз ҷониби сокинон хуб пазируфта шудааст ва охири ҳар моҳ дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия амалиёти номбурда дар сатҳи баланд роҳандозӣ карда мешавад.