Аёдати омӯзгоре, ки нисфи умри худро ба таълиму тарбияи шогирдон бахшидааст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳаёти инсоният муаллим нақши созгор дорад. Маҳз таълиму тарбияи дурусти омӯзгор дар самти амалишавии нақшаву орзуҳо ва расидан ба қуллаи мақсуд мусоидат мекунад. Ба ин хотир, шахсиятҳои бузурги дунё нақши омӯзгорро муассир арзёбӣ карда, дар сифаташ суханони нек гуфтаанд. Тамоми шахсиятҳои муваффақу муаррификунандаи давлату миллат парвардаи дасти муаллим мебошанд.Яке аз омӯзгороне, ки дар самти таълиму тарбияи шогирдон саҳми арзанда дорад, Тулаева Адолат,  омӯзгори синфҳои ибтидоии Муассисаи таълимии №45-и ноҳияи Восеъ аст. Тулаева Адоат 25-августи соли 1953 дар ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро бо ихтисоси омӯзгорӣ хатм мекунад. Аз соли 1974 фаъолияти омӯзгориро аз муассисаи таълимии №20-и деҳаи Сулҳободи ноҳия оғоз намудааст ва тӯли 50 сол мешавад, ки бо таълиму тарбияи наврасону ҷавонон машғул мебошад.  Ин зани 70-солаи барнодил зимни суҳбат бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ аз он изҳори хушнудӣ кард, ки Тоҷикистони биҳиштосо рӯз то рӯз гул – гулшукуфон шуда истода, мо омӯзгорон хушу хурсандона дар фазои тинҷию амонӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбияи насли наврас, кору фаъолият ва зиндагӣ дорем. Ҳамзамон иброз доштанд, ки дар тӯли 50 соли фаъолият ба бисёр машаққатҳо рӯ ба рӯ шуданд, аммо аз касби интихобкардаашон ҳеҷ гоҳ пушаймон нестанд. Тулаева Адолат  нигоҳ накарда ба синну солашон, дар нафақа ҳам бошанд то ба ҳол дар муассиаи таълимии №45-и деҳаи Ибрати ноҳия ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бо таълиму тарбияи шогирдон машғул мебошад. “Вақте, ки маро ба нафақа гуселондан, аз мактаб баромадаму дар роҳ диламро торикие фаро гирифт. Аз роҳи мактаб то ба хона савори ягон мошин нашудам, сарамро хам кардаму дигар худамро дошта натавонистам гирякунон сӯи хона рафтам. Якчанд рӯз ба худ наомадам, чунки як рӯзро ҳам бе шогирдон тасаввур карда наметавонистам. Не нашуд дар ҳақиқат бе шогирдонам дар хона нишастан мушкил буд. Хулоса боз ба кор рафтам...” иброз дошт холаи Адолат бо як ҳиссиёте. Ин аст дӯст доштан ва содиқ будан ба касби худ. Ин аст мардонагӣ, ин аст шуҷоату далерӣ. Бигзор ин омӯзгори соҳибтаҷриба намунаи ибрат ба ҳамаи омӯзгорони ҷавон бошад.