Корҳои ободонӣ дар деҳаи Ҷаврези ноҳияи Восеъ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади саҳм гузоштан дар тозагӣ ва зебогии муҳити зист ва бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву зебогардонӣ дар Ҷаврези ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазови  ноҳияи Восеъ роҳандозӣ шуд.Дар ин рӯз канори роҳҳои деҳаи номбурда бо иштироки сокинони меҳнатдӯсту меҳанпараст тозаю озода гардонида шуд. Шумораи зиёди сокинон баҳри ободиву зебогии деҳа канори роҳҳоро рӯбучин намуда, аз партову хасу хошок, алафҳои бегона тоза намуданд ва бехҳои дарахтонро нарм намуда, аз хору ҳар гуна алафҳои худрӯй тоза намуданд ва бо ин васила саҳми хешро дар ободии як гӯшаи диёри хеш гузоштанд. Бояд қайд намоем, ки дар ташаббуси баргузоргардида масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ низ иштирок намуда, саҳми муносиби хешро дар ин кори хайр гузоштанд.