Ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ҳудуди ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сохта ба истифода додан ва ё дар ободиву зебогии ягон муассисаи таълимӣ саҳм гузоштан яке аз амалҳои хайр ба шумор рафта, номи шахсони дар чунин амалҳои хайр саҳмгузошта як умр дар ёдҳо ҳамчун инсони хайрхоҳу накӯкор боқи мемонад. Чунин як иқдоми наҷиб дар деҳаи Ҷаврезиҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазови ноҳияи Восеъ роҳандозӣ гардид. Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз рафти корҳои иҷрошуда боздид намуданд. Ва маълум гардид, ки бо мақсади муҳайё намудани шароити хуби таълиму тарбия барои кӯдакон муассисаи таҳсилоти томактаби “Офтобак”-и ноҳияи Восеъ корҳои созандагиву бунёдкориро ба итмом расонидаанд. Дар айни замон кӯдакон дар ҳуҷраҳои кушоду барҳово, тозаву озода, бо тамоми шароитҳо ва бо таҷҳизотҳои муосир ҷиҳозонидашуда, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.