КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Восеъ то ҳол корҳои созандагиву ободкорӣ бо маром идома доранд. Ва ин шаҳодати он аст, ки сокинони меҳандӯсту ободкор, хайрхоҳу ватанпарвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷиби созандагиро пешаи худ намудаанд. Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ саҳни ташкилоти ибтидоии “Ҷамъияти матлубот”–и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия сангфарш ва бетонпуш (стяшка) карда шуда корҳои ободонию созандагӣ дар ин самт то ба ҳол ҷараён дорад.