Корҳои сохтмонии боз як муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ҳоли анҷомёбист.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба ифтихори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ, ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи деҳот ва шаҳрак ва дар ин замина мусоидат намудан ба болоравии сатҳи зиндагии сокинон корҳои бунёдкориву созандагӣ идома дорад. Ба ин муносибат дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазови ноҳияи Восеъ дар бинои муассисаи таҳсилоти томактабии “Офтобак” корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти аҳамияти иҷтимоӣ дошта, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, дар як вақт дар ин муассиса 380 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар корҳои сохтмонии бино сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд.