ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ КОРМАНДОНИ МАСЪУЛИ ҲИЗБӢ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баҳри тозаю озода нигоҳ доштани бинои маъмурии Кумитаи иҷроия шанбегии дастаҷамъона баргузор намуданд. Дар шанбегӣ кормандон гирду атрофи бино ва роҳравҳоро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза намуда, саҳни бинои Кумитаро рӯбучин намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардидани саҳни бино саҳми муносиби хешро гузоштанд. Мақсад аз баргузории шанбегиҳои дастаҷамъона, саҳм гузоштан дар раванди корҳои ободонӣ ва хуррамгардонии кӯчаю маҳаллаҳои ноҳия мебошад ва ин иқдом минбаъд низ аз ҷониби кормандон идома дода мешавад.