Мумфаршкунии роҳҳо-файзу баракати Истиқлол

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар тамоми гӯшаю канори кишвари соҳибистиқлоламон корҳои ободонию бунёдкорӣ бо маром идома ёфта истодааст. Инчунин дар ноҳияи Восеъ низ бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагӣ ҷараён дорад. 

Вобаста ба ин шоҳроҳи Восеъ-Кӯлоб ва кӯчаҳои Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДАРА –ДЭУ” ва соҳибкорони хайрхоҳу саховатпешаи ноҳияи Восеъ бо истифода аз ҳавои мусоид зиёда аз 1200 метр роҳ мумфарш гардид.

Бояд қайд намоем, ки ин бунёдкориву созандагиҳо далолат аз файзу баракоти Истиқлолияту Ваҳдати миллати тоҷик медиҳад.