Бунёди синфхонаҳои иловагӣ барои 240 ҷои нишаст.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и ноҳияи Восеъ бунёди синфхонаҳои иловагӣ барои 240 ҷои нишаст ҷараён дорад. Албатта бунёди синфхонаҳои иловагӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас мусоидат намуда, хонандагон баъди ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ метавонанд аз он васеъ истифода намоянд. Ҳамзамон ин имкони кам кардани норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи мазкур мегардад ва туҳфаи хубе ба хонандагону омӯзгорони муассиса мебошад.