Мактаб боргоҳи илму адаб.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест нафаре, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накӯкор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд.Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Мактаби ман” Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, кумитаи падарону модарон ва шахсони саховатпеша дохил ва атрофи муассиса таъмир ва деворҳо рангу бор карда шуда, синфхонаҳо ва мизи курсиҳо пурра азнавсозӣ шуданд. Зимни боздид аз рафти таъмири муассиса масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ қайд намуданд, ки муҳайё намудани шароити хуби таҳсил имкон медиҳад, ки хонандагон бо рӯҳияи баланд илмҳои замони хешро аз худ намоянд ва баҳри рушду нумӯъ, пешравию тараққиёти кишвари азизамон саҳми муносиби хешро гузоранд.