Дастгирии ятими кул

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дастгирии ятимон ва шод намудани дили онҳо аз ҷониби вакили хайрхоҳу савобҷӯи ноҳиявӣ Азизов Саймухтор як нафар ятими кул ва як нафар нимятим истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ дар арафаи соли хониши нав дастгирӣ ёфт. Ин марди саховатпеша кӯдаконро бо сару либоси мактабӣ таъмин намуд, ки аз ин амал онҳо шод гардиданд. Зимни сӯҳбат бо ятимон ва парасторони онҳо масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ қайд намуданд, ки ғамхории давлату Ҳукумат, алалхусус Пешвои миллат нисбат ба онҳое, ки аз навозиши падару модар барвақт маҳрум шудаанд, хеле назаррас аст. Роҳбари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ятимон дар паноҳи давлатанд, падарона сари онҳоро сила карда, барояшон беҳтарин шароитҳои таълиму тарбияро фароҳам меоваранд. Ҳамчунин, дар вохӯрию мулоқот чунин таъкид намудаанд: «Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям».Бояд қайд намуд, ки Азизов Саймухтор низ аз зумраи шахсоне мебошад, ки пайваста дар амалҳои хайр саҳм гузошта, дар пайрави аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шод намудани ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон доимо сидқан талош менамояд.