Таъмир анҷом ёфт.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Восеъ беш аз 70 адад муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд. Дар мавсими таътили тобистона бо дастгирии соҳибкорон, волидони хонандагон ва шахсони саховатпеша синфхонаҳо аз таъмир бароварда шуданд. Муассисаи умумии таҳсилоти миёнаи №1–и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия Восеъ дар мавсими таътили хонандагон синфхонаҳоро таъмир ва рангу бор карданд. Ҳаминчунин имрӯзҳо ба тартиб даровардани атрофи муассиса, ки аз корҳои охирини омадагиҳо ба соли хониши нав мебошад, идома дорад.Бояд қайд намоем, ки муҳайё намудани шароити хуби таҳсил имкон медиҳад, ки хонандагон бо рӯҳияи баланд илмҳои замони хешро аз худ намоянд ва баҳри рушду нумӯъ, пешравию тараққиёти кишвари азизамон саҳми муносиби хешро гузоранд. Бо ин мақсад масъулини муассисаи таълимии болозикр то соли хониши нав таъмиру таҷдиди муассисаро ба анҷом расониданд, акнун онҳо хонандагонро дар синфхонаҳои зебову барҳаво ва тозаву озода истиқбол мегиранд.