НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАСТРАСТ КАРДА ШУД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дасти кӯмак расонидан ба қишри осебпазири ҷомеа дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстонаву хайрхоҳонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо қишри ниёзманди аҳолӣ ҳар охири моҳ ба миқдори 500 сомонӣ нафақаи ҳизбӣ муқаррар намудааст.Ин бор нафақаи ҳизбӣ аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева ба як нафар сокини деҳаи Саричашмаи Ҷамоати Деҳоти дурдасти ба номи Худоёр Раҷабоҷи ноҳия маъюби гуруҳи якум Хоҷаева Саодат пардохт карда шуд. Зимни расонидани кӯмаки молиявӣ ба шахси имконияташ маҳдуд, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева қайд намуданд, ки ашхоси ниёзманду барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд. Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳар моҳ ба 3 нафар шаҳрвандони маъюби ноҳия ва 1 нафар маъюби ноҳияи Темурмалик нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонигӣ дастрас гардонида мешавад.