Вусъати корҳои созандагӣ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи татбиқи бахшҳои алоҳидаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бобати тақвият бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо фаъолони ҳизбӣ ва сокинони маҳаллаҳо корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ноҳияи Восеъ вусъат бахшида шуда истодааст.Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба баргузор намудани корҳои ободонӣ дар доираи аксияи “Якҷоя месозем!” дар кӯчаи Абӯали ибни Синои Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия корҳои сангфаршкунии роҳи байни кӯчаҳо бо маром ҷараён дорад.. Дар ин корҳои хайру савоб саҳми соҳибкорони маҳаллӣ, сокинон ва шахсони саховатманди ноҳия назаррас буда, аллакай қисми зиёди роҳҳои байни кӯчаҳо сангфарш карда шуданд. Муносиби тазаккур аст, ки чунин корҳои ободонию созандагӣ мунтазам дар ҳамдастӣ бо дигар фаъолони ҳизбӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома бахшида мешаванд.