ИДОМАИ КОРҲОИ ТАЪМИРИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТӢ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳра гирифта, имрӯзҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои ободонӣ, азнавсозӣ, бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ рафта истодааст.Бахусус, тибқи иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ дар муассисаҳои таҳсилотии ноҳия таъмири ошхона, роҳравҳо, бино ва қисмҳои дигар идома дорад. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии деҳаҳои дурдасти ноҳия корҳои таъмиру азнавсозӣ бо маром ҷараён дорад. Маъмурияти муассисаҳо тасмим гирифтаанд, ки баҳри боз ҳам беҳтару хубтар намудани шароити кори таълиму тарбия аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода баранд, то ки дар оянда насли наврас ҳамчун узви солими ҷомеа тарбия ёбанд. Дар ин росто, кумитаи падару модарон низ саҳми муассир гузошта истодаанд.