Ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии Боғчаи №1-и ноҳия Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст”. Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Мудири маорифи ноҳияи Восеъ Солиҳзода Рустам аз муассисаи томактабии №1-и воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии муассиса, вазъу шароити синфхонаҳо, ҷои хӯрокхӯрӣ, ҷои хоби кӯдакон ва заминҳои назди боғча дидан намуданд. Муассисаи томактабии №1 таъмири замонавӣ карда шуда, бо таҷҳизотҳои зарурӣ барои таълиму тарбия муҷаҳҳаз гардонида хоҳад шуд. Гирду атрофи муассисаи томактабӣ тозаву озода буда, дар қитъаи заминҳо гулҳои ороишӣ шинонида шудааст, ки ин ба муассисаи мазкур зебоӣ мебахшад.