ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади аз таъмири ҷорӣ баровардани муасисаҳои таълимии ноҳия аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” тасмим гирифтанд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ки ба ин самт равона гардидаанд ва бо кӯмаку дасгирии Кумитаи падару модарон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ таъмири мактаб ва дохили синфхонаҳоро бо сифати баланд иҷро карда, ҷаҳду талош доранд, ки то оғози соли нави хониш муасисаҳои таълимиро аз таъмири капиталӣ бароранд. Ҷиҳати амалӣ шудани ин ташаббуси ҳизбӣ омӯзгорони Муассисаи таълимии миёнаи умумии №10 дар ин кор фаъолнокӣ нишон дода, дар амалӣ шудани дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар саҳми арзандаи худро гузоштанд. Онҳо ҳамаи синфхонаҳову роҳравҳои муассисаро аз нав таъмир ва рангубор намуда, барои соли хониши нав пурра омода карданд.