МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ БАРОИ СОЛИ ХОНИШИ НАВ ОМОДАГӢ МЕБИНАНД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ таъмири ҷории синфхонаҳоро амали намуда истодаанд. Омӯзгорон ва кормандони техникии муассиса дар ин кор саҳми босазо дошта, барои соли хониши нав омодагӣ мебинанд ва айни замон ба рангубор намудани деворҳои муассисаи мазкур машғуланд. Соҳаи маориф дар меҳвари асосии давлату ҳукумат қарор дорад ва чуноне, ки Пешвои миллат зикр намуданд, диққати ҷиддӣ ва пурра таҳти назорат гирифтани соҳаи илм ва маориф яке аз ҳадафҳои асосии кишвар ба шумор меравад. Чунки пешрафт тараққиёт ва пешбурди тамоми соҳаҳои ҳаёт аз кадрҳои боқувват ва ихтисосманд вобаста аст. Ҳамин таъкидҳост, ки ҳукумати кишвар ҳамасола ба соҳаи маориф ва илм, диққати хосса намуда, ҳамаи чораҳои мушахасро барои рушди таълим меандешад.