Таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ ҷараён дорад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бе рушди соҳаи маориф таъмин намудани рушди соҳаҳои дигар ғайриимкон аст, аз ин рӯ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятноки  сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда, барои рушди он тамоми тадбирҳоро меандешад. Аз ин ҷост, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо биноҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва раванди таълиму тарбия ба таври  назаррас рушд кард.Вобаста ба ин санаи 19.06.2023 мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Солиҳзода Рустам бо мақсади аз наздик шинос шудан аз рафти таъмири муассисаҳои таълимӣ сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафари корӣ мудири шуъба аз муассисаҳои таълими №5, №19, №41, №50, ва №65 дидан намуд. Зимни боздид аз рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ аз ҷониби мудири маорифи ноҳияи Восеъ таъкид ба он оварда шуд, ки таъмир барои соли хониши 2023-2024 хеле босифат ба анҷом расонида шавад ва барои анҷоми корҳо дар ин самт аз ҷониби мудир маслиҳатҳои судманд дода шуд.