Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар муассисаи таълимӣ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бунёди муассисаҳои таълимӣ ва барои муҳасилин шароити мусоид фароҳам овардан дар сиёсати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи асосиро касб менамояд. Дар дораи сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ фаъолони ҳизб сиёсати бунёдкоронаи Пешвои милатро дастгири намуда, дар ин самт дар бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ саҳми муносиб мегузоранд.Бо мақсади муҳайё намудани шароити хуби таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ корҳои таъмиру азнавсозии муассиса оғоз гардид. Корҳои таъмири роҳраву даруни синфхонаҳо дар ҳамдастӣ бо фаъолони ҳизб вусъат бахшида шуда, то давраи оғози таҳсил ба охир расонида мешаванд. Дар доираи баргузории ташаббуси ҳизбии “Мактаби ман” хатмкунандагони муассисаи мазкур низ ҷалб гардида, нақши созанда мегузоранд. Дар корҳои рангуборкунӣ омӯзгорон саҳми муносиби хешро гузошта истодаанд.