РӮЗИ ЁДОВАРӢ-БА ХОТИРИ ПОС ДОШТАНИ РӮҲИ ГУЗАШТАГОН АМАЛӢ ГАРДИД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18-уми июни соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва бо иштироки сокинони савобҷӯ, имомхатиби деҳаи мазкур ва дигар фаъолони ҳизб, дар оромгоҳи деҳаи Шобикаи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ Аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд.Бояд қайд намоем, ки аз баргузории аксияи мазкур сокинон хеле шод гардида, охири ҳар моҳ барои саҳм гузоштан дар чунин амали хайр оромгоҳҳои деҳаро тозаву озода менамоянд. Дар аксияи мазкур иштирокдорон дохил ва атрофи қабристонро аз хасу хошок ва алафҳои хушкшуда тоза намуда, саҳми арзандаи худро дар аксияи болозикр гузоштанд ва иброз доштанд, ки шод намудани рӯҳи гузаштагон амали хайру савоб аст. Бинобар ин сабаб кӯшиш менамоянд, то охири ҳар моҳ дар ин аксия фаъолона иштирок намоянд аз савоби ин амали хайр бебаҳра намонанд.