Таъмири муассисаи таълимӣ оғоз гардид.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои дар сари вақт аз таъмири ҷорӣ баровардани муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои таблиғотӣ ва амалиро татбиқ менамоянд.  Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и деҳаи Саъдуллои Шарифи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ оғоз гардид. Дар доираи Амалиёти муштарак ҳамоиши хатмкунандагон зери унвони "Мактаби ман!"  дар ҳамаи муассисаҳои таълимиии ноҳия гузаронида шуда буд, ки дар натиҷа бо дастгирии онҳо як қатор синфхонаҳо аз таъмир бароварда шуда, барои гузаронидани дарсҳо пурра омода гардиданд. Дар муассисаи таълимии мазкур низ таъмири синфхонаҳо оғоз гардида, корҳо дар ин самт ҷараён дорад.