Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар ташкилоти ибтидоии “Баҳористон-Боғчаи №1”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ояндаи кишвар аз ҳастии кӯдакон аст. Пас муҳайё кардани шароити зарурӣ барои рушди зеҳнию ахлоқӣ ва ҷисмонии кӯдакон вазифаи аввалиндараҷаи насли калонсол аст. Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Баҳористон - Боғчаи №1”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ корҳои ободониву созандагӣ, яъне таъмирнамоии ташкилот дар ҳоли анҷомёбист. Қобили зикр аст, ки дар ин амали хайр кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда низ саҳми муносиби худро гузошта истодаанд. Онҳо даромадгоҳ, тамоми деворҳои берунӣ ва нишастгоҳҳое, ки дар саҳну даруни боғча ҷойгир аст,  ба таври замонавӣ рангу бор карда, саҳмашонро барои муҳайё сохтани шароити мусоид барои кӯдакони ояндасоз, гузошта истодаанд.