Ташаббуси навбатии шахсони хайрхоҳ дар таъмиру азнавсозии синфхонаҳо.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сохтмон ва азнавсозии биноҳо ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ сол аз сол вусъати тоза касб намуда истодааст. Оилаи Камолзодаҳо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро хеле хуб дарк намуда иқдом гирифтанд, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи №16 воқеъ дар деҳаи Кафтархонаи ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов як бинои иловагӣ бо таъмини таҷҳизот сохта ба истифода дода мушкилоти норасоии синфхонаҳои дар муассиса аз байн баранд. Инак иқдоми фарзандони ба орӯ номусу ватан ҷомаи амал пӯшид. Бинои иловагӣ бо таҷҳизот барои 144 хонанда дар як баст сохта шуда, дар рӯзҳои наздик расман ба истифода дода мешавад. Зимни боздид аз ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии муассисаи мазкур  муовини раиси ноҳияи Восеъ Гулмуродзода Бибинисо ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Солиҳзода Рустам ба корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд доданд.Бояд қайд намоем, ки ташаббуси оилаи Камолзодаҳо на танҳо дар деҳа боиси ифтихор ва шоистаи таҳсин аст, балки иқдоми пешгирифтаи ин оила дар сатҳи ҷумҳурӣ намунаи ибрат ҳаст. Аслан оилаи Камолзодаҳо ниёз ба муаррифӣ надоранд ва фарзандони ин хонадон мардони баору номус, ватандӯсту ватанхоҳ ҳастанд, дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа аз ҷумла маорифу тиб, мақомоти қудратӣ фаъолияти пурсамар доранд.