Таъмини нафақаи ҳизбӣ дар ноҳияи Восеъ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ яке аз ташаббусҳои ҳизбӣ, ки дастгирии маъюбону барҷомондагон мебошад, аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар амал татбиқ карда шуд. Дастгириву ғамхорӣ зоҳир намудан ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбону барҷомондагон, камбизоатон, ятимон ва ниёзмандон яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад.Имрӯз аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ба як нафар модари маъюби гуруҳи якум Раҳматов Наҳтулло сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия, нафақаи ҳизбӣ барои моҳи май расонида шуд. Аз ин амали нек пайвандону наздикони Раҳматов Наҳтулло хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдории самимона иброз намуданд.