Ғамхори ба маъюбон мароми мост.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маъюбону барҷомондагон ва шахсони яккаву танҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат, хусусан Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кўмаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқарар карда шудааст. Дар доираи ин иқдом Сафар Ҳафиза Разоқ - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ ба Хоҷаева Саодат маъюб, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ нафақаи ҳизбии моҳи майи соли равонро дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас намуд.