Асарҳои Пешвои миллат барои насли ҷавон мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли ҷомеа, бахусус ба наврасон ва ҷавонон мояи ифтихор ва намунаи ибрат аст.

Мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар натиҷаи мутолиаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон- ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» таъсири хуб дорад. 

Вақте ки шахс асарҳои Пешвои миллатро мутолиа менамояд, бевосита кўшиш ба харҷ медиҳад, то дар ҷомеа саҳмгузор бошад, амалеро иҷро намояд, ки ба нафъи миллату давлат ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон бошад, зеро муаллиф дар асарҳои хеш хислатҳои ҳамидаи инсониро тараннум намуда, ҳамеша манфиати ҷомеа ва давлатро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гузоштаанд.

Бо ин мақсад зимни баргузории нақша-чорабиниҳои ҳизбӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед Раҳмон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ ва дигар иштирокчиёни чорабинӣ аз намоиши маҷмуи китобҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуда, ҷавононро барои хондани ин асарҳо талқин намуданд.