Нафақаи ҳизбӣ дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дастрас карда шуд

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18-уми майи соли равон бо мақсади пайравӣ намудан ба сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед Раҳмон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ бахшида ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба аёдати як нафар маъюб, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия рафта, дар рафти дидорбинӣ ба ин ашхоси осебпазир нафақаи ҳизбӣ супорида шуд.

Метавон зикр кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, ин шахси маъюб таҳти ғамхорӣ қарор дошта, бо нафақаи ҳизбӣ таъмин хоҳад гашт.