Ғолибони озмуни “Рассоми беҳтарин” қадрдонӣ гардиданд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳамоиши ҳизбӣ бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ озмуни “Рассоми беҳтарин” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд. Дар он хонандагону ҷавонони боистеъдоди муасисаҳои таҳсилоти миёна, литсейҳои ҳудуди ноҳия ширкат варзида, бо истеъдоди волои худ меҳмононро дар ҳайрат гузоштанд.

Инчунин, ба 3 нафар ғолибони озмуни расмкашӣ дар мавзӯи ”5-умин ташаббуси Пешвои миллат оид ба эълон гардидани соли 2025 – соли ҳифзи пиряхҳо” Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби меҳмонон  тақдим карда шуд.