КОРҲОИ ОБОДОНИ БАҲРИ ЗЕБОГИИ ЯК ГӮШАИ ДИЁР.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Гулгашти ноҳияи Восеъ бахшида ба таҷлили сазоворӣ “Рӯзи Ғалаба” ва иҷрои бандҳои алоқаманди нақшаи корӣ корҳои ободонӣ баргузор карда шуд. Дар ин рӯз сокинони меҳнатдӯсти ноҳия ба тоза намудани гирду атрофи гулҳои ороишӣ, дарахтони ҳамешасабз ва тоза намудани гирду атроф ва ҷӯйбору роҳравҳои Гулгашти ноҳия камари ҳиммат бастанд.Зимни корҳои ободонӣ масъулини ҳизбӣ низ иштирок намуданд ва аз тарафи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар тозагиву ободии Гулгашт саҳми муносиб гузошта шуд, ки ин амал боз ҳам ба ҳусни Гулгашт зебу зинат бахшид. Чунин корҳои ободонӣ аз ҷониби сокинони ободкори ноҳия дар ташкилотҳои ҳизбии дигари ноҳия низ идома доранд.