КОРҲОИ ОБОДОНӢ БА ИСТИҚБОЛИ “РӮЗИ ҒАЛАБА”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи 78- мин солгарди “Рӯзи Ғалаба” бар фашизм кормандони ташкилоти ибтидоии “КЖКП” баҳри саҳм гузоштан дар ободиву зебогии ноҳия ҳашари дастаҷамъонаро ба роҳ монданд.Дар ҳашари мазкур масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ низ иштирок ва бо кормандони ташкилоти мазкур сӯҳбат атрофи саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагии диёр доир намуданд.   Зимни корҳои ободони кормандони ташкилот роҳрав ва ҷӯйборҳоро аз хасу хошок алафҳои бегона тоза намуда, гирду атрофро рӯбучин намуданд ва саҳми худро дар ободу зебо, тозаву озода гаштани як гӯшаи ноҳияи хеш гузоштанд.Бояд қайд намуд, ки чунин корҳои ободонӣ минбаъд ҳам аз тарафи аъзои фаъоли ҳизб дар ҳудуди ноҳия идома меёбад.