ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ВОЛИДАЙН НАҚШИ АВВАЛИНДАРАҶА ДОРАД!

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “деҳаи Гулобод” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохурӣ баргузор гардид.  Аснои вохурӣ масъулин таъкид доштанд, ки тарбияи фарзанд нахуст аз оила оғоз гардида, дар таълиму тарбияи фарзанд волидайн нақши аввалиндараҷа доранд. Ҳамзамон намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия оид ба баргузории ҷашну маросимҳои хурсандиву аъзодорӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки танзим бояд риоя шавад, зеро аз риояи танзим баракат ба амал меояд!