БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ ТАҲТИ УНВОНИ “МАКТАБИ МАН”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки намояндагони Кумтаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №64-и Ҷамоати деҳоти ба номи А. Авазов ВОХӮРИИ ТАҲТИ УНВОНИ “МАКТАБИ  МАН” миёнаи хонанадагони ин даргоҳи илм баргузор карда шуд. Зимни вохӯрӣ иштирокунандагон дар мавзӯъҳои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, оворагардӣ омӯхтани касб ва худкушиву худсузӣ баромад карда ҷавонон ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят карданд.