Нафақаи ҳизбӣ дастрас карда шуд

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва дасти мадад расонидан ба шахсони маъюбу барҷомонда Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба ду нафар маъюби гурӯҳи 1 нафақаи ҳизбӣ ба маблағи 500- сомонӣ ҳар охири моҳ ёрии молявии худро мерасонад.

Бо ин мақсад масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба дидорбинии  маъюби гурӯҳи 1-ум сокини Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалии ноҳияи Восеъ Тағоева Шаҳноза ташриф оварда, ба ӯ нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ кӯмак расониданд.

Зимни суҳбат бо волидайни маъюб раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза иброз дошт, ки Пешвои миллат ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷуҳи хосса доранд ва нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Ин амали хайр боиси сарфарозии аёдатшудагон гардида, барои чунин ғамхорию дастгирӣ ба ташаббускорони ин иқдом миннатдорӣ баён намуданд.

Бояд қайд намоем, ки дар оянда низ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ин иқдоми некро ҳар охири моҳ роҳандозӣ хоҳад намуд.