Кумак ба эҳтиёҷмандон нишонаи ҷавонмардист

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ҷонибдори аз сиёсати хирадмандона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ Тавакалов Сайраҳмон ва корманди ташкилоти ибтидоии “Шабакаи Барқ”-и ноҳия Раҳмонов Наврӯз ба Парвонова Мавлуда, зани эҳтиёҷманд дар моҳи Шарифи Рамазон кумаки молиявӣ расониданд.

Зимни расонидани кумак раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  Сафар Ҳафиза қайд намуд, ки дароз кардани дасти кумак ва иҷрои корҳои хайру сахо яке аз нишонаҳои ҷавонмардии ҳар як инсон ба ҳисоб меравад ва шукронаи тинҷиву оромӣ ва шукронаи соҳибистиқлолии ватани азизамон ва шукронаи чунин ҷавонмардон, ки дасти эҳтиёҷмандону камбизоатонро мегиранду ба онҳо пайваста кумак мерасонанд.