Аёдати қаҳрамонмодар

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аёдат намудани пирону барҷомондагон, собиқадорону шахсоне, ки баҳри пойдории сулҳу суботи ватан хизматҳои шоён карданд, аз амалҳои хайр ба шумор меравад. Вобаста ба ин раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза дар якҷоягӣ бо мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Неъматзода Фарзона  ба аёдати модари ҷавонмарди ҷонфидоӣ ватан генерал-майор Рустами Холалӣ рафтанд.

Генерал майор,  Рустами Холалӣ  командири гурӯҳи  қисми таъиноти махсуси Кумитаи  давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ҳифзи суботу оромии ҷомеа,  дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ қаҳрамонона ҳалок гардидааст. Номи Рустами Холалӣ  ва хизматҳои  ӯ  ҳамчун фарзанди шуҷои Ватан дар саҳифаи таърих абадан боқӣ хоҳад монд.

Зимнан модари гиромӣ пеш аз ҳама ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсон барои эҳтирому қадрдонӣ ва дастгириҳо изҳори миннатдорӣ намуда, дар ҳаққи онҳо дуои хайр намуд.