Роҳҳои байни деҳот сангфарш гардиданд

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба баргузор намудани корҳои ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” роҳи байни деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия бо саҳмгузории шахсони саховатпеша ва сокинони маҳал ба масофаи зиёда аз 850 метр сангфарш карда шуд.

Сокинони деҳаи номбурда иброз намуданд, ки омода ҳастанд дар чунин аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар корҳои ободонию бунёдкорӣ ва барои боз ҳам беҳтар намудани симои деҳот  гузоранд.