Шод намудани рӯҳи гузаштагон амали хайр аст

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои нақшаи муштараки амалиёти умуминоҳиявӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар деҳаи Шоҳбикаи ҷамоати деҳоти Тугарак гузаронида шуд.

Дар амалиёти мазкур зиёда аз 96 нафар сокинони савобҷӯи деҳаи номбурда, имомхатиби деҳаи мазкур, кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва ҷавонон фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар амалиёти мазкур иштирокдорон дохили оромгоҳҳоро аз партовҳо тоза намуда, бехҳои дарахтонро нарм карданд. Дар идомаи амалиёти мазкур имомхатиби деҳаи Шоҳбика иброз дошт, ки  ба хотир овардани гузаштагон, шод кардани рӯҳи онҳо ва дуо кардан амали хайр ба шумор меравад ва ин Аксия низ иқдоми саривақтӣ буда, дар оянда низ дастаҷамъона дар ин амалиёт саҳми худро хоҳем гузошт.