Соати сиёсӣ дар қисми низомӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар қисми низомии 13483-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бо иштироки сарбозону афсарон соати сиёсӣ аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  гузаронида шуд. Соати сиёсӣ дар мавзӯъҳои  “Ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ” буда, тариқи озод амалӣ карда шуд. Дар навбати худ сарбозону афсарон вобаста ба мавзӯъ саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳо гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки мутасаддиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҳамарӯз бо аъзоёни ҲХДТ, коллективҳои меҳнатӣ ва мардуми маҳалл сӯҳбату вохӯриҳо ва хонишҳои сиёсиро амалӣ менамояд. Дар ҳамаи ин чорабиниҳои ҳадафаҳои ҲХДТ, дастур ва ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда мешаванд.