ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД!

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани “Иди Модар” тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи кор бо  занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия аксия зери унвони “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад” гузаронида шуд.

Зимни баргузории аксия масъулин модарону бонувонро бахшида ба “Иди Модар” табрику муборакбод намуда, миёни занону бонувон зиёда аз 300 адад варақаҳои таблиғотӣ-табрикотӣ тақсим карда шуд.