АЪЗОЁНИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ ДАР ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲДОШТАНИ ОРОМГОҲИ ДЕҲАИ ХУД САҲМ МЕГУЗОРАНД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани як гушаи диёр, саҳм гузоштан дар корҳои бунёдкориву созандагӣ инчунин дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” бо ҷалби аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоӣ ҳизбӣ “деҳаи Кадучӣ” гирду атрофи оромгоҳи деҳа бо симпубҳо махкам карда шуда атрофи оромгоҳ аз ҳар гуна партовҳои бегона тоза карда шуд.Бояд қайд кард, ки гируду атрофи ин оромгоҳ бо ҷалби мардуми деҳа ва нафарони хайрхоҳ махкам карда шуд.Аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар оянда низ дар чунин корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта кушиш менамоянд, ки дар ободонии маҳали хеш саҳми худро гузоранд.