Соати сиёсӣ-воситаи таъсиррасони дар рушду инкишофи маънавии насли наврасу ҷавон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Бо иштироки шахсони мутасаддӣ ва омӯзгорони фаъол дар МТМУ №10-и Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, соати сиёсӣ ташкил ва гузаронида шуд. Ташаббуси навбатии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хеле муҳим  буда маасъулияти тарбияи насли ҷавони бунёдгари ҷомеаи навинро ба душ гирифтааст. Ин васила метавонад дар рушди инкишофи маънавии насли наврасу ҷавони имрӯза мусоидат намояд. ки ҳадафу мақсади он таъмини роҳи пешгирифтаи сиёсати давлату ҳукуматро идома додан аст. Зеро маҳз насли ҷавони соҳибистеъдод бо донишу малака ва қобилияти созандагии худ метавонад рушди босуръати ҷомеаро таъмин намояд. Бояд қайд намоем, ки дар соати сиёсии баргузоргардида, масъалаҳои муҳим ва мубрами рӯз баррасӣ гардиданд, ки хонандагон ба худ ғизоӣ маънавӣ бардошт намуданд.