ЗУРОВАРӢ ДАР ОИЛАРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи кории шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита Моҳинави Қурбонмад дар кучаҳои шаҳраки Ҳулбуки ноҳия бо усули “Хона ба хона” оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила вохурӣ гузаронида шуда, ба иштирокчиёни вохурӣ варақаҳои таблиғотӣ-иттиллотӣ тақсим карда шуд.

Бояд гуфт, ки хушунат ё зӯроварӣ дар оила яке аз амалҳои номатлуб дар ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, аслан гирифторони хушунат дар оила пиронсолону занон ва кӯдакон мебошанд. Инчунин, дар баъзе ҳолатҳо зӯроварӣ аз ҷониби фарзанд ба падару модар ё аз ҷониби зан ба шаҳар низ ба назар мерасад. Намудҳои зӯоварӣ дар оила иборат аст аз зӯроварии ҷисмонӣ, рӯхӣ, шаҳвонӣ ва иқтисодӣ. Бояд гуфт, ки хушунату зӯроварӣ дар оила оқибатҳои нохушро дар пай дорад. Дар натиҷаи хушунати зиёд нисбат ба кӯдакон руҳияи онҳо зери таъсиру фишор қарор гирифта, ин амал то содиркунии ҷиноят, оворагардӣ, дуздӣ, бадахлоқӣ ноболиғонро бурда расонда, ҳаёти бачагии онҳоро пурмоҷарову талх мегардонад. Ҳамчунин ба дигар гирифторон хушунату зуроварӣ оқибатҳои нек надорад. Бар зидди ин амали номатлуб мубориза бурдан вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бедордили кишвар аст! Фаромуш набояд кард, ки ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад.