ҲАДАФИ ҲХДТ: ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БА МАРДУМ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсис ёфтанаш ҳамчун ҳизби халқӣ баҳри осудагӣ ва некуаҳволии миллат талош варзида, дар ин росто заминаи боэътимод гузошт. Ба ҳайси раис интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон роҳ ва равиши ҳизбро тағйир дод. Амалӣ намудани ормонҳои миллӣ, таъмини сулҳу салоҳ дар давлат ва баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ яке аз вазифаҳои аввалини ҳизб ба шумор меравад.

Бахшида ба 28 умин солгарди рузи таъсисёбии ҲХДТ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, тибқи нақшаи кории шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумита бо иштироки аъзои ТҶҶ”Созандагони Ватан” аксияи ҳизбӣ, зери унвони “Ҳадафи ҲХДТ таъмини зиндагии шоистаи мардум аст!” гузаронида шуд.  Дар ин аксия масъулин сокинонро ба ин ҷашни таърихӣ табрик намуда, ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.