Парчам-рамзи давлатдорӣ, иттиҳоду ягонагӣ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 23- юми ноябри соли 2022 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни расми беҳтарин зери унвони “Парчам – рамзи давлатдорӣ, иттиҳоду ягонагӣ” дар толори бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  гузаронида шуд, ки дар он 30 – нафар хонандагон иштирок намуданд. 

Сараввал Моҳинави Қурбонмад-мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҳамаи иштирокчиёни озмунро бо фарорасии Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод намуда, шартҳои озмунро бо онҳо фаҳмонид, инчунин дар идома иброз дошт, ки Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад ва он ифодагари ҳаёти осоиштаи ҳамаи сокинони кишвар, бахту саодат, муттаҳидиву сарҷамъӣ мебошад. Пас эҳтирому арҷ гузаштан ба ин муқаддасоти миллӣ вазифаи ҳар як шахси бо ору номуси кишвар маҳсуб меёбад.Дар ҷамъбасти озмун ғолибон аз ҷониби масъулон муайян гардида, бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ сарфароз гардиданд.Ногуфта намонад, ки мақсад аз баргузор намудани чунин озмунҳо ин дарёфти истеъдодҳои ҷавон, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ ва ватандӯстӣ дар дили ҷавонон ва эҳтирому арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ мебошад.