Аксияи “Рӯзи ёдоварӣ” дар амал татбиқ гардид.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30.10.2022 бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо ва пос доштани хотири гузаштагон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Шоҳбикаи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия бо ҷалби аъзои фаъоли ҲХДТ ва сокинони савобҷӯ, инчунин ҷавонони меҳнатдӯст ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.

Дар аксияи баргузоргардида масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, моҳияти аксияи мазкурро ба мардум фаҳмониданд. Дар идома иштирокдорони аксия оромгоҳро аз хасу хошок ва ҳар гуна партовҳо тоза карданд.

Бояд қайд намоем, ки бо мақсади нумӯи зебо ғасб намудани оромгоҳи мазкур ва муҳайё намудани шароити хуб барои рафту омади сокинон дар ҳамаи фаслҳои сол шахсони хайрхоҳ корҳои сангфаршкунии тақрибан 1 километр роҳи назди оромгоҳро оғоз намуданд.