Соати сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Сулҳобод”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи супориши КИМ ҲХДТ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо дар тамоми муасисаҳои таълимии ҳудуди кишварамон соатҳои сиёси гузаронида шуда истодааст. Ин иқдом ки дар ҳамкори бо Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст иқдоми саривақти ва муфид арзёби мешавад. Маҳз баргузор шудани соатҳои сиёсӣ ба насли ҷавону наврас имкон медиҳад то дар кору фаъолияти минбаъдаи хеш аз таҷрибаи бузурги шахсони собиқадор истифода баранд. 

Чунин як соати сиёсӣ дар муассисаи таълимии №20-и деҳаи Сулҳободи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо иштироки шумораи зиёди хонандагон ва директори муассисаи мазкур Ҳафизов Сӯҳроб, инчунин омӯзгорони собиқадору рӯзгордида баргузор гардид, ки хонандагон аз соати сиёсии баргузоргардида таасуроти нек ба худ бардошт намуданд.