“Соати сиёсӣ” дар амал татбиқ гардид.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар МТМУ №1-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ соати сиёсӣ бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ, Иботов Диловар – вакили маҷлиси ВМҶ, инчунин омӯзгорони боистеъдод баргузор гардид. 

Зимни соати сиёсӣ қайд гардид, ки амалиёте, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудаанд, ташаббуси саривақтӣ буда, баҳри рушд, ташаккули тафаккур, ҷаҳонбинии миллии ҷавонон, мукаммал намудани донишу ҷаҳонбинӣ, эҳтирому арҷгузорӣ, адлу инсоф, хоксориву фурӯтанӣ, шуҷоату далерӣ ва ба ростгӯию росткории ҷавонон мусоидат менамояд.