Соати сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Восеободи хурд”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Восеободи хурд-МТМУ №64”-и ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазови ноҳияи Восеъ бо иштироки омӯзгорони ботаҷрибаву рӯзгордида соати сиёсӣ гузаронида шуд.

Мақсад аз  баргузории  соати  сиёсӣ  қабл  аз  ҳама  мафҳуми  Ватану ватандорӣ, қадру  манзалати  истиқлолияти давлатӣ, худшиносиву худафрӯзӣ,  ҳувияти  миллӣ ва  арзишҳои  волои  ҷомеаи  шаҳрвандӣ дар  қалбу  шуури  ҳар  як  насли  ҷавони  ояндасози  кишвар ҷой  кардан мебошад.