Соати сиёсӣ - суҳбати муфид ва саривақтӣ барои ҷавонон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии “Чорбоғ-МТМУ №29”-и ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ бо хонандагон “Соати сиёсӣ” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорони ботаҷриба иштирок намуда, оиди масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, нақши Иҷлосиия 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намоем, ки Соати сиёсӣ- соати муфиду саривақтӣ баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, мукаммал намудани ҷаҳонбинии онҳо, мақсаднок истифода бурдани сомонаҳои интернетӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва дӯст доштани Модар – Ватан мусоидат менамояд.